Сироҷиддин Иззатулоевро ҳанӯз аз замони фаъолияташ дар Дастгоҳи иҷроияи Президент мешиносам. Он замон зери роҳбарии журналисти касбӣ Сайидалӣ Сиддиқ кор мекард. Аммо вақте Иззатуллоев ба сармуҳарририи “Народная газета” таъин шуд, аз наздик ошно шудем.Часпу талошу ҷонканиҳои ин шахси дилкушоду ҳамеша ҷиддиро ба соҳаи журналистика дида, бовар доштам, ки дар ин ҷода рӯзе муваффақ мешавад.
Гузашти вақту рӯзгор нишон дод, ки ман хато накардаам.Тани танҳо як рӯзномаро баровардан, дар ин солу замона кори осон нест. Ҳатман шахсро рӯзе безор мекунад ва аз ин роҳ мегардад. Вале Иззатуллоев, ки ман бо шӯхӣ бисёр вақт “ягона рӯзноманигори сафедгӯю сафедбин”, ба ибораи дигар ҳамеша “оптимист” меномам, ҳаргиз таслим намешавад. Баъди “Народная газета” ба сармуҳарририи нашрияи “Дайджест пресс” таъин шуд. Баъди муддате нашрияи замоне таъсисдодаи шодравон Акбари Сатторро муассис аст ва онро бо номи “Время и денги” гардон мекунад ва имрӯз ин нашрия яксола мешавад.Дар муддати як соли фаъолият душвор аст перомуни нашрия андешаатро гӯӣ, аммо аз ҳақ нагузаштан, сари вақт ба ҳар як вокуниш дар ҷомеа назари худро баён кардан, мавқеи худро сари ҳар як масъала доштан ва таҷрибаи бойи корӣ дар “Кулябская правда” умедвор мекунад, ки Сироҷиддин Иззатуллоев ба ҳадафи хеш мерасад. Беҳуда намегӯянд ки “ ба манзил мерасад ҳар раҳнавард рӯзе!”
Бовар дорам, ки рӯҳи журналистони соҳибноми гузаштае, ки дигар дар байни мо нестанд, роҳкушои Сироҷиддин дар пайраҳаи зиндагиаш хоҳад буд!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь