“Роскомнадзор” тасдиқ кардааст, ки занг задан аз тариқи паёмрасонҳои “Вотсап” ва “Телеграм” дар Русия маҳдуд гардидааст: “Маҳдудият дар занг задан аз тариқи паёмрасонҳои хориҷӣ, бо ҳадафи “мубориза бо ҷинояткорӣ” ҷорӣ шудааст.
Шикоятҳо аз мушкил шудани тамос аз тариқи паёмрасонҳо дар Русия аз оғози моҳи август зиёд гардид. “Осторожно, медиа” рӯзи 12 август хабар дода буд, ки тасмими бастани зангҳо аз тариқи паёмрасонҳо сиёсӣ буда, ин қарор “дар сатҳи боло” қабул шуд. Ба гуфтаи манбаъ, намояндагони ширкатҳои мухобиротии Русия низ шояд дар ин тасмим даст дошта бошанд, чун онҳо нигарони кам шудани даромад аз зангҳои телефонӣ ҳастанд. Сомонаи “Вёрстка” навиштааст, паёмрасони “Вотсап” дар Русия наздики 100 миллион ва Телеграм бошад 90 миллион корбар доранд. Ба гузориши “Вёрстка”, мақомоти Русия мавзӯи пурра бастани “Вотсап” ва “Телеграм”-ро низ баррасӣ доранд, то бозор барои паёмрасони давлатии “Max” боз шавад.