22 октябр дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Селбури деҳоти Миралиобод корхонаи дӯзандагӣ ва маркази хизматрасонии «Дурдона»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти навбунёд аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Давлатшоҳ Қаҳҳоров бо маблағи 3 миллиону 350 ҳазор сомонӣ бунёд ёфт.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2023 оғоз ёфта, дар муҳлати пешбинигардида бо сифати баланд ба анҷом расид. Дар рафти корҳои сохтмонӣ беш аз 30 коргари маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд.
Иншооти навбунёд аз ду ошёна, бинои ёрирасон, намоишгоҳи махсуси либос, ҳуҷраи корӣ ва маркази хизматрасонии КВД Амонатбонк иборат буда, дар он истеҳсоли либосҳои махсус, мардонаву занона тибқи фармоиш ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин коргоҳ барои кӯдакон низ либосҳои зебову шинам истеҳсол менамояд, ки аз лиҳози сифат рақобатпазир буда, мувофиқ ба завқи харидорон аст. Дар ин коргоҳи навбунёди дӯзандагӣ 80 кас соҳиби кори доимӣ ва маоши хуб гардидаанд.
Коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази хизматрасонии «Дурдона» дар як шабонарӯз имкон дорад то 100-110 либоси гуногунро истеҳсол намояд.
Дар ин корхона тавлиди навъҳои гуногуни маҳсулот роҳандозӣ шудааст, ки бо бренди миллӣ ва мувофиқ ба талаботи ҷаҳонӣ истеҳсол мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь