Дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлони 7 оила  манзилҳои истиқоматии худро на ба қувваи барқи муқаррарӣ, балки бо панелҳои офтобӣ равшан мекунанд.

Давлаталӣ Ҳалимов, сокини деҳаи Шарифободи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ, муддати як сол мешавад, ки пурра бо истифода аз панелҳои офтобӣ нерӯи барқ мегирад. Ӯ зимни сӯҳбат гуфт, ки қувваи барқи муқарариро тамоман истифода намебарад. Ҳамаи таҷҳизоти барқӣ – яхдон, телевизор, матори обдиҳӣ, кондитсионер, мошинаи дарздӯзӣ ва дигар таҷҳизоти барқӣ бо панелҳои офтобӣ кор мекунанд. Ӯ чунин панелҳои офтоби харида, ният дорад, ки корхонаи худро бо инҳо ба кор дарорад.

Номбурда илова кард, ки аҳамияти панелҳои офтобиро ҳамсояҳо дида, онҳо ҳам  ба истифодаи он гузоштанд. То кунун ҳафт оила дар ин деҳа аз панелҳои офтобӣ истифода мебаранд.

Аммо зимни як тамоси телефонӣ Раҳим Давлатов, сардори шабакаҳои барқи ноҳияи Восеъ, аз ин вазъ изҳори бехабарии карда гуфт, дар ин хусус ягон маълумот надорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь