22 октябр дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Заркамари деҳоти Миралиобод ҳамчунин роҳи мумфаршу чароғонгардидаро, ки бо саҳми сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ бо маблағи умумии зиёда аз ду миллион сомонӣ бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Роҳи мазкур дар доираи татбиқи ҳадафҳо барои ба талаботи замон мутобиқ намудани шароити хизматрасонӣ бунёд шуда, аз ду хати ҳаракат бо паҳноии 7 метр иборат мебошад ва дар маҷмуъ 12 километрро ташкил медиҳад.
Бунёди истгоҳҳои нақлиётӣ, гузаргоҳ барои пиёдагардон, ҷӯйборҳои ду канори роҳ, шинонидани дарахтони ороишию сояафкан ва сабзкорӣ зебогии роҳро дучанд мекунад.
Канори роҳ тибқи талабот чароғон карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь