Раиси Думаи давлатии Руссия Вячеслав Володин гуфтааст, ки дар ҳашт моҳи соли 2025 барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират 35 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз хоки Руссия берун карда шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар феҳристи афроди таҳти назорати ВКД то 1 сентябри имсол исми 770 ҳазор муҳоҷире қарор дошт, ки қонуни муҳоҷиратро вайрон кардаанд ва сеяки онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд. “Ин шахсон бояд аз кишвар берун карда шаванд”, навиштааст Володин дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоӣ.
Маълум нест ин нафарон шаҳрванди кадом кишварҳо ҳастанд, вале, ба гуфтаи Володин, ба рӯйхати “сиёҳ” – и пулиси Руссия аз санаи 5 феврали соли ҷорӣ исми чунин нафаронро ворид кардаанд: онҳое, ки барои сабти ном маълумотномаву санадҳои заруриро надоштанд, дар ҷои иқомат ба қайд гирифта нашудаанд, мӯҳлати санҷишҳои ҳарсолаи зарурии мисли озмоиши тиббиро вайрон кардаанд ва патенту иҷозатнома ва қарордоди кориашон кӯҳна шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь