ба мақолаи нашршуда дар сомонаи «Фараҳ» аз 04.09.2025
Раёсати маорифи вилояти Суғд матлаби нашршуда дар сомонаи «Фараҳ» таҳти унвони «Исфара: Кормандони маорифро бо Фармон ба кор мемонанд, аммо бе Фармон аз кор мегиранд?» мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дод.
Дар робита ба ин масъала, аз ҷониби кормандони масъули Раёсати маорифи вилоят корбарӣ анҷом дода шуда, бо иштироки муроҷиаткунанда Додобоева Гулзора ҳолат аз наздик баррасӣ гардид.
Муайян карда шуд, ки Додобоева Гулзора санаи 7-уми апрели соли 2025 бо фармоиши №71 аз тарафи собиқ сардори раёсати маорифи шаҳри Исфара ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи директори Литсейи №5 таъин гардидааст. Вале дар ҷараёни омӯзиш маълум гардид, ки фармоиши мазкур хусусияти ғайриқонунӣ доштааст.
Мутобиқи моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» таъини роҳбарони муассисаҳои томактабӣ, муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва иловагии давлатиро, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, дар мувофиқа ба мақомоти маҳалллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин муовинони роҳбарони муассисаҳои мазкурро дар мувофиқа бо роҳбарони онҳо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунанд. Ин муқаррарот дар фармоиши мазкур пурра риоя нашуда, ҳуқуқҳои меҳнатии омӯзгор вайрон гардидааст.
Ҳамзамон, санҷишҳо нишон доданд, ки дар раванди аз вазифа озод намудани Додобоева Г. низ талаботи қонунгузории ҷорӣ, аз ҷумла Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиби барканории кормандон, ба пуррагӣ иҷро нашуда, Додобоева Гулзора баъди баррасии ариза аз тарафи гуруҳи кории Раёсати маорфии вилоят тибқи гузариш ва бо розигии худ ба вазифаи пешинааш сармутахассиси раёсати маориф шаҳри Исфара барқарор гардид.
Раёсати маорифи вилояти Суғд таъкид менамояд, ки иҷрои дурусти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, риояи талаботи қонунгузории амалкунанда ва ҳифзи шаъну шарафи омӯзгорон аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти соҳа ба ҳисоб меравад. Барои ислоҳи камбудиҳои ошкоргардида ва пешгирии такрори чунин ҳолатҳо чораҳои дахлдор андешида мешаванд. Раёсати маорифи вилояти Суғд

Вокуниши Раёсати маорифи вилояти Суғд
Блоки рекламавӣ


