Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва чандин расонаҳои хабарӣ наворе паҳн гардид, ки дар он лаҳзаи аз ҷониби шахсони номаълум ба таври маҷбурӣ бурдани домод тавассути автомашинаи сабукрав инъикос ёфта, муаллифи навор бо ҳадафи ғаразнок ва дидаву дониста бо нашри хабари бардурӯғ онро ба хизматӣ ҳарбӣ алоқаманд намуда, дар якчанд шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудааст.
Таҳқиқи навор, ки милитсияи Хатлон дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти салоҳиятдор анҷом дод, муайян намуд, ки ҳодисаи мазкур ба хизмати ҳарбӣ бурдани домод алоқамандӣ надошта, ифодагари сатҳи пасти тафаккуру ҷаҳонбинии муаллифону саҳнасозони он мебошад.
Чунончӣ, муайян карда шуд, тибқи як анъанаи ғайрирасмӣ, ки дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ маъмул аст, як гурӯҳ рафиқони домод Сайдалиев Султон санаи таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷамоати Хуҷамуъмин, деҳаи Меҳнатобод бо мақсади саҳнасозӣ ва шӯхиҳои бемаврид, маҷбуран домодро дар назди туйхона ба дигар автомашина савор карда, ба дигар мавзеъ бурдаанд. Баъдан рафиқонаш дар гардани домод осори дандон (засос) гузошта, раҳо мекунанд.
Дар натиҷа 4 нафар рафиқони домод аз ҷониби кормандони милитсияи Хатлон дастгир, барои содир намудани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, саҳнасозонии бемаврид, паст задани шаъну шарафи домод дар вақти маросими хонадоршавӣ парвандаҳои маъмурӣ тартиб ва дар асоси Қарори Суд нисбати ҳар кадоме ба мӯҳлати 10 шабонарӯзӣ ҳабси маъмурӣ татбиқ карда шуд:
Эмомалӣ Сулаймон санаи таваллудаш 22.12.2002, сокини деҳаи Меҳнатобод;
Миронов Абубакр Сабзаалиевич санаи таваллудаш 25.05.1996, сокини деҳаи Меҳнатобод;
Миронов Амирҳамза Сабзаалиевич санаи таваллудаш 13.05.1993 сокини деҳаи Меҳнатобод,
Сафаров Муҳаммад санаи таваллудаш 12.07.1994, сокини деҳаи Меҳнатобод.
Бо назардошти он, ки шаҳрванд Сайдалиев Сайдалӣ Маҳмадалиевич санаи таваллудаш 19.04.1996 сокини деҳаи болозикр ҳодисаи мазкурро наворбардорӣ ва дидаву дониста, ки он саҳнаҳои бемавриду ҷоҳилонаи як гурӯҳ ҷавонон аст, бо мақсади доғ овардан ба шаъни Артиши миллӣ онро ҳамчун ҳодисаи ҷалби маҷбурии домод ба сафи Артиши миллӣ бозтобӣ намудааст, нисбаташ маводҳои санҷишӣ тартиб дода шуда, чораҳо барои оғози парвандаи ҷиноятӣ андешида шуда истодааст.
Дар ин бора Раёсати милитсияи вилояти Хатлон хабар додааст

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь