Президенти Русия Владимир Путин ба роҳбари олии Эрон Оятулло Хоманаӣ пайёми табрикотӣ фиристод. Вай афзуд, ки Маскав шарики боэътимоди Теҳрон боқӣ хоҳад монд ва ба раҳбари нави кишвар муваффақият, қувват, фидокорӣ ва далерӣ орзу кард.
Президенти Беларус Александр Лукашенко низ ба Муҷтабо Хоманаӣ нома фиристод. Дар Чин, намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Чин Го Цзякун дар бораи интихоби раҳбари нави Эрон изҳори назар кард: “Ин қарор аз ҷониби Эрон тибқи ҳуқуқи конститутсионии ин давлат бароварда шудааст”, — менависад ТАСС.
Сарвазири Ироқ Муҳаммад Шиа Ас-Судонӣ Хоманаиро табрик кард. Вай афзуд, ки Бағдод Теҳронро дар хотима додан ба низоъ ва ҳимояи соҳибихтиёрӣ дастгирӣ мекунад. Созмони “Ҳизбуллоҳ” дар Лубнон ба интихоби Муҷтабо дуруд фиристод. Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки интихоби Муҷтабо Хоманаӣ “хатои бузург”аст. Вай изҳори шубҳа кард, ки раҳбари нави Эрон муддати тӯлонӣ дар сари қудрат хоҳад монд ва илова кард, ки дар мадди назари вай марде аст, ки метавонад Муҷтабо Хоманаиро дар мақоми Раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ иваз кунад, менависад “Лента.ру”. Тибқи иттилои The Wall Street Journal, Трамп зидди раҳбари нави олии Эрон нест, агар ӯ аз татбиқи барномаи ҳастаӣ даст кашад. Манбаъҳои нашрия хабар доданд, ки Трамп ба куштори Хоманаӣ дар ҳолати идомаи таҳияи силоҳи ҳастаӣ зид нест. Артиши Исроил ошкоро изҳор дошт, ки онҳо пешвои нави олиро, ки вориси пешвои пешин хоҳад буд, таъқиб хоҳанд кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь