3-юми ноябри соли 2025 раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон – Амонатбонк” Салимзода Алиҷон Абдуҷалол бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор мулоқоти дуҷониба баргузор намуданд.
Зимни мулоқот раиси Раёсати Амонатбонк Салимзода Алиҷон Абдуҷалол оид ба натиҷаҳои фаъолияти Бонк дар 9 моҳи сипаригардидаи соли ҷорӣ маълумот манзур намуда, таъкид карданд, ки Амонатбонк ҳамчун институти молиявии давлатӣ ва яке аз бонкҳои низомсози кишвар дар самти татбиқи барномаҳои давлатӣ фаъолияти мунтазам ва босубот дорад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро, аз ҷумла бизнес-модели Бонк, сарчашмаҳои даромад, сохтори хароҷот барои маблағгузорӣ, иҷрои ӯҳдадориҳо дар назди мизоҷон, масоили сармоягузорӣ ва қарздиҳӣ, инчунин риояи талаботи низомҳои байналмилалӣ ва комплаенс мавриди баррасӣ қарор доданд.
Қайд гардид, ки ҳадафи асосии мулоқоти мазкур баррасии вазъи бахши молиявии Амонатбонк дар 9 моҳи соли 2025 бо дарназардошти таъсири омилҳои беруна, ҳамчунин арзёбии дурнамои ҳамкориҳои минбаъда бо Хазинаи Байналмилалии Асъор мебошад.
Дар маҷмӯъ, мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва муколамаи созанда баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуданд.

Вохӯрии раиси Раёсати “Амонатбонк” бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор
Блоки рекламавӣ


