Прокурори генералии Тоҷикистон мегӯяд, баъзе гурӯҳҳо дар Афғонистон мехоҳанд бо ҳамла ба коргарони чинӣ муносибати Душанбе ва Пекинро вайрон кунанд.
Ҳабибулло Воҳидзода дар нишасти солона бо ширкати рӯзноманигорон гуфт, “баъзе шаҳрвандон ва гурӯҳҳои ҷинояткор ҳастанд, ки тинҷию оромиро намехоҳанд ё мехоҳанд муносибати моро бо давлати Чин вайрон кунанд, вагарна роҳсоз чаро дар вақти корӣ парронида мешавад, махсусан, мардуми Чин?”.
Вай аз ягон гурӯҳи мушаххас ном набурд ва танҳо гуфт, “ин куштор аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон амалӣ карда нашудааст”.
Ба гуфтаи Ҳабибулло Воҳидзода, таҳқиқи ҳамла ба коргарони чинӣ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь