Руссия ба дастгоҳи атташеи ҳарбии сафорати ИМА контроллёри яке аз ҳавопаймоҳои бесарнишини Украинаро, ки дар ҳамлаи эҳтимолӣ ба қароргоҳи Владимир Путин дар Валдай иштирок карда буд, супорид. Дар ин бора якуми январ Вазорати Мудофиа хабар додааст.
Инчунин ба амрикоиҳо мавод бо маълумоти шифршудаи хатсайри дрон дода шуданд.Сардори идораи асосии иктишофии Ситоди Генералии Руссия Игор Костюков ҳангоми интиқоли мавод изҳор дошт, ки тафсири системаҳои навигатсионии хадамоти махсуси Руссия тасдиқ кардааст. ки ҳадафи ҳамла маҳз қароргоҳи Валдай буд.
Тибқи иттилои мақомоти Руссия, 29 декабр ба қароргоҳи Путин дар Валдай беш аз 90 ҳавопаймои бесарнишини украинӣ ҳамла карданӣ шуданд. Дар Маскав гуфтанд, ки дар ин робита мавқеи худро дар музокироти сулҳ аз нав баррасӣ хоҳанд кард.
Нашрияи the Wall Street Journal 31 декабр навишт, ки Управленияи марказии ҷосусӣ ба хулосае омадппст, ки ҳадафи ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини украинӣ дар вилояти Новгород як “объекти ҳарбӣ” буд, ки дар наздикии қароргоҳи Путин набуд.

ВМ Руссия ба ИМА “контроллёр”-и ҳавопаймои бесарнишинро ба Амрико супорид
Блоки рекламавӣ


