Дар байни узбекистониҳое, ки дар Русия адои ҷазо мекунанд, 60% барои тиҷорат ва интиқоли маводи мухаддир маҳкум шудаанд. Дар ин бора Раиси идораи шаҳрвандӣ, қонунигардонӣ ва дигар амалҳои консулии департаменти консулӣ-ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон Мунира Низомова “Газета.uz” хабар додааст.
Дар ҷои дуюм аз рӯи паҳншавии ҷиноятҳои содиркардаи ӯзбекистониҳо парвандаҳои зӯроварии ҷинсӣ, ки 12% аз шумораи умумии маҳкумшудагонро ташкил медиҳанд, куштор (7%), расонидани зарари вазнин ба саломатӣ (тақрибан 5%), дуздӣ (4%), қаллобӣ (3%) ва дигар намудҳои ҷиноятҳо (8%) меистанд.
Низомова инчунин қайд кард, ки пас аз як қатор ҳодисаҳои пурмоҷаро, аз ҷумла ҳамлаҳои террористӣ ва ҷиноятҳои фармоишӣ бо иштироки шаҳрвандони Ӯзбекистон муносибат бо ӯзбекҳо дар Русия тағйир ефт. Санҷишҳо дар фурудгоҳҳо ҳам сахттар шуданд.



