Вазири корҳои хориҷии Украина Андрей Сибига ҳафт кишварро номбар кард, ки ба гуфтаи ӯ Президенти Украина Владимир Зеленский омода аст бо Президенти Руссия Владимир Путин мулоқот кунад.
“Ҳоло ҳадди аққал ҳафт кишвар омодаанд, ки мулоқоти раҳбарони Украина ва Руссияро қабул кунанд”, – навиштааст мансабдори украинӣ.
Ба гуфтаи Сибига, Австрия, Ватикан, Швейтсария, Туркия ва се давлат аз Халиҷи Форс тайёранд ин дидорро ташкил кунанд.. Сибига иддао дорад, ки ин пешниҳодҳои ҷиддӣ ҳастанд ва Зеленский ба чунин мулоқот омода аст.
Чанде пеш Президенти Руссия Владимир Путин дар ҷараёни нишасти матбуотӣ дар сафари расмӣ ба Чин имкони мулоқот бо Зеленскийро шарҳ дод. Президент қайд кард, ки агар сиёсатмадори украинӣ омода бошад, таёр аст бо вай дидор бинад.Вале гуфт Путин, “бояд ин мулоқот маъное дошта бошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь