“Руссия дар аввал мехост, ки марзҳои маъмурии чор вилояти Украинаро таҳти назорат гирад,аммо баъдтар аз ин талабаш даст кашид” – гуфтааст вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳакан Фидан.
Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Руссия ҳоло танҳо нисбати минтақаи Донбасс, ки ба Луганск ва Донетск тақсим шудааст, даъво доранд.
“Дар айни замон, созишномаи пешакӣ дар бораи додани 25-30% боқимондаи Донетск ва нигоҳ доштани Запорож ва Херсон дар доираи берун аз хатти ҷанг вуҷуд дорад” – гуфтааст Ҳакан Фидан (иқтибос Аз Haberler).
Ҷаноби Фидан қайд кардааст, ки мақомоти Руссия омодаанд иҷрои ин шартро кафолат диҳанд, ки ба андешаи ӯ, дар бастани созишнома асос эҷод мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь