23 октябри соли 2025 Шӯрои Иттиҳоди Аврупо бастаи навбатии таҳримҳоро қабул кард, ки фаъолияти як қатор бонкҳо ва ширкатҳои кишварҳои сеюм, аз ҷумла Тоҷикистонро низ дар бар мегирад.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шомил шудани баъзе бонкҳои Тоҷикистон ба ин рӯйхати таҳримот сахт нигарон аст ва изҳори таассуф мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадориҳои байналмилалии худро риоя намуда, ҳамеша омода аст бо шарикони байналмилалӣ ҷиҳати пешгирии хавфҳои вобаста ба эҳтимоли канорагирӣ аз чораҳои таҳримӣ ҳамкорӣ намояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи кунуниро ҳамаҷониба омӯхта ва пайгирӣ менамояд ва барои кам кардани оқибатҳои манфии ин таҳримҳо чораҳои зарурӣ меандешад.
Блоки рекламавӣ



