Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳамлаҳои ахири забонии Александр Дугин ва Владимир Соловёвро ҷоҳталабӣ ё “амбитсияҳои шахсии чеҳраҳои расонаӣ” ва “назарияҳои ҳангомаҷӯёнаи онҳо” номид:
«Мавқеи мо комилан возеҳ аст, заминаи муколамаи давлатӣ байни Душанбе ва Маскавро на амбитсияи шахсони алоҳидаи расонаӣ ва на назарияҳои ҳангомаҷӯёнаи онҳо, балки принсипҳои устувори ҳуқуқи байналмилалӣ ва маҷмуи васеъи созишномаҳои дуҷониба, ки аз озмоиши замонии муносибатҳо гузаштаанд, ташкил медиҳад» – посух дод вазир.
Блоки рекламавӣ



