Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз шиддат гирифтани танишҳо дар Ховари Миёна изҳори нигаронии амиқ кард.
Дар изҳороте, ки вазорат рӯзи 27-уми январ дар вебсайти худ нашр кард, омадааст, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шиддат гирифтани вазъ дар минтақаи Ховари Миёна, бахусус нисбат ба Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳори нигаронии амиқ намуда, бо мухолифат ба иқдомоти низомӣ, ҷонибдори ҳалли мусолиматомези ҳамаи низоъҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ мебошад.”
Вазорат аз ҷонибҳои муноқиша хостааст, ки “бо риояи усули Оинномаи Созмони Миллали Муттаҳид ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ амал намуда, барои ҳифзи сулҳу суботи минтақа кӯшиш ба харҷ диҳанд.”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь