Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи шашуми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки кишвараш рӯзҳои наздик корвони ёриҳои башардӯстонаро ба мардуми ниёзманди Ғазза равон мекунад.
Ба гуфтаи Сироҷиддин Муҳриддин, ин ёриҳо аз тариқи Ҷумҳурии Мисри Араб ба Ғазза расонида мешаванд.
Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2025 ҳам дар доираи ташаббуси башардӯстонаи чанд кишвари узви Созмони исломии амнияти озуқаворӣ барои бартарафсозии мушкилоти шадиди норасоии ғизо дар Ғаззаи ҷангзада, 200 тонна орд фиристода буд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон он замон гуфт, ин иқдом аз сӯйи кишварҳои узви Созмони исломии амнияти озуқаворӣ дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти хайриявии Урдун амалӣ карда шуда, ба он Қазоқистон, Озарбойҷон ва Бангладеш низ ҳамроҳанд.
Блоки рекламавӣ



