Номи ҷавони тоҷикеро эълон карданд, ки ҳамсари собиқашро куштааст
Мақомоти интизомии Тоҷикистон номи мардеро эълон карданд, ки ба қатли бераҳмонаи ҳамсари собиқ ва модари ду фарзанди худ муттаҳам мешавад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як барномаи телевизионии худ хабар дод, ки Наврӯзи Зафар ба он муттаҳам мешавад, ки дар заминаи хусумат ва рашк ҳамсари собиқи 27-солаи худро дар хонаи худи зан ва дар пеши чашми модараш 11 корд зада куштааст. Ба гуфтаи вазорат, ҳодиса рӯзи 16-уми декабр рух додааст.
Дар ин барномаи телевизионӣ гуфта мешавад: “Наврӯзи Зафар ҳамсари собиқи худро дашномҳои қабеҳ дода ва бо ин қонеъ нашуда бо бераҳмии махсус ба узвҳои ҳаётии зан 11 корд мезанад, ки ӯ дар натиҷа дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст.”
Ин ҷуфт як ҳафта пеш аз ҳодиса аз ҳам ҷудо шудаанд.
Ба қавли мақомот, Наврӯзи Зафар пас аз қатли ҳамсари собиқаш аз ҷойи ҷиноят фирор кардааст, вале ӯро баъди чанде дар қаламрави ноҳия дастгир кардаанд. Додситонии ноҳияи Мӯъминобод ба таҳқиқи парвандаи ин сокини 29-солаи деҳаи Ғеш идома медиҳад. Барои одамкушӣ бо бераҳмии хос дар Тоҷикистон на камтар аз 15 соли зиндон таъйин карда шудааст.

ВКД: Одамкуш дастгир шуд
Блоки рекламавӣ


