Раиси Думаи давлатии Русия аз пешниҳоди манъи вуруди оилаҳои муҳоҷирон ба ин кишвар пуштибонӣ кард. Вай гуфт муҳоҷироне, ки барои кор ба Русия меоянд, набояд аъзои хонаводаашонро бо худ оранд.
Пешниҳоди манъи вуруди оилаи муҳоҷирон ба Русия чанд рӯз пеш дар вохӯрии Владимир Путин бо намояндагони порлумони Русия садо дод. Сергей Миронов, раҳбари яке аз фраксияҳои Думаи давлатӣ, ки бо мухолифати шадидаш ба омадани муҳоҷирони корӣ ном баровардааст гуфт, муҳоҷирон фарзандони худро ба Русия меоранд ва ин ҳолат таҳсил дар мактабҳоро мушкил мекунад.
Блоки рекламавӣ



