Стивен Виткофф, фиристодаи вижаи раисиҷумҳури Амрико, дар мусоҳиба бо CNN гуфт, Вошингтон ва Маскав дар мавриди додани кафолатҳои амниятӣ ба Укроин ба тавофуқ расиданд.
Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо як варианти созишро пайдо кардаанд, ки моддаи 5-и Оинномаи NATO-ро ба ёд меорад, ки дифоъи дастаҷамъонаи кишварҳои узви ин паймонро пешбинӣ мекунад. Виткофф дар шарҳи натоиҷи мулоқоти Владимир Путин ва Доналд Трамп, гуфт: “Мо тавонистем ба мувофиқа расем, ки Иёлоти Муттаҳида метавонад ба Киев ҳимояи шабеҳи моддаи 5-ро диҳад ва ин бори аввал аст, ки ризоияти Русияро мешунавем”.
Вай гуфт, ки рӯзи душанбе Трамп дар Кохи Сафед бо раисиҷумҳури Укроин Владимир Зеленский мулоқот хоҳад кард, ки дар он масоили ҳудудӣ мавзӯи калидӣ хоҳад буд. “Замин як масъалаи бунёдист. Сухан дар бораи табодули њудудњо меравад, ки тасмим дар бораи он бояд аз ҷониби раҳбарияти Укроин қабул шавад. Умедворем, ки музокирот барои рӯшан кардани ин масъала ва наздик кардани тарафҳо ба созиши сулҳ мусоидат хоҳад кард”, – гуфт дипломат. Виткофф афзуд, ки тасмимҳои ниҳоӣ дар бораи ҳама гуна тағйироти ҳудудӣ танҳо ба Киев тааллуқ дорад. Зеленский ва раҳбарони чанд кишвари аврупоӣ барои баррасии ин масоил вориди Вашингтон хоҳанд шуд.