Виталий Левченко, мутахассиси 53-сола, сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе таъин шуд. Дар ин бора сомонаи бошгоҳи футболи «Истиқлол» хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, бошгоҳи «Истиқлол» бо Виталий Левченко, ҳимоятгари дар гузашта маъруфи мунтахаби Тоҷикистон, то охири соли 2026 шартнома ба имзо расонид.
Левченко дар ин вазифа Игор Черевченкоро, ки охири моҳи декабри соли гузашта аз вазифаи сармураббии дастаи “Истиқлол” барканор шуд, иваз кард.
Дарвоқеъ, Левченко солҳои 2020-2022 сармураббии тими «Истиқлол» буд. Таҳти роҳбарии ӯ даста қаҳрамони Тоҷикистон гардида, дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бомуваффақият ҳунарнамоӣ намуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь