Виктор Рассадин, намояндаи Тоҷикистон, дар мусобиқаи байналмилалии силсилаи Гран-при дар гуштии озод ба хотираи қаҳрамони секаратаи олимпӣ Александр Медвед, ки рӯзҳои 20-22-юми феврал дар шаҳри Мински Беларус доир шуд, медали тилоро соҳиб шуд.
Гуштигири 32-сола дар рақобат дар вазни то 70 кило рақибонашро мағлуб карда, ба финал расид. Вай дар даври ниҳоӣ ба варзишгари 20-солаи русиягӣ Максим Ли ғолиб омада, бо медали тило бармегардад.
Рассадин то финал дар даври аввал Ислом Кажаровро аз Русия, дар чорякфинал Начин Куулари қазоқ ва дар даври ниманиҳоӣ боз як намояндаи Қазоқистон – Амирхон Яндиевро мағлуб кард.
Виктор Рассадин, ки зодаи Ёқутистони Русия аст, аммо шаҳрвандии Тоҷикистонро қабул кард ва аз моҳи декабри соли 2023 дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар қувва меозмояд.



