Рашид Каримов — пиронсолтарин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон — рӯзи 24 август, дар синни 113-солагӣ дар шаҳри Ҳисор даргузашт.
Ӯ 1 июли соли 1912 дар деҳаи Шоҳамбари Ҳисор ба дунё омада, соли 1942 омӯзгори мактаби деҳа буд. Вақте ки даъват ба ҷанг фаро расид, бо вуҷуди он ки ягона писари оила буд, бо розигии падар ба фронт рафт.
То анҷоми ҷанг дар хати пеш буд.Баъди бозгашт, зиндагиашро ба омӯзгорӣ ва деҳқонӣ бахшид.
Зиндагии чунин шахсон моро меомӯзонад, то арзишҳои ватандӯстӣ, садоқат ва меҳнатро фаромӯш накунем.
Ёдаш гиромӣ ва номи нек ӯ абадӣ бод!
Абдураҳмон Раҳмонов
Блоки рекламавӣ



