Департаменти давлатии Амрико изҳор дошт, ки кортели маводи мухаддир ҳамчун “Ташкилоти террористӣ” эълон карда мешавад. ИМА изҳор медорад, ки картелро Президенти Венесуэла Николас Мадуро роҳбарӣ мекунад, ки ҷониби дигар ин даъворо қатъиян рад мекунад.
Котиби давлатии Амрико Марко Рубио рӯзи якшанбе гуфтааст, ки Амрико ният дорад гурӯҳро аз 24 ноябр ба рӯйхати созмонҳои террористии хориҷӣ дохил кунад.
Ин маънои онро дорад, ки ҷаноби Мадуро воқеан ба категорияи “террористон” дохил мешавад.
Ин қадами охирини маъмурияти Доналд Трамп барои коҳиш додани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва афзоиши фишор ба Николас Мадуро аст, дар ҳоле ки Амрико амалиёти ҷангиро дар дохили Венесуэла баррасӣ мекунад.
Дохил кардани картел ба рӯйхати созмонҳои террористии хориҷӣ ба ҳукумати ИМА имкон медиҳад, ки ин гурӯҳ ва шахсони алоқамандро зиёдтар ҳадаф қарор диҳанд, зеро ба онҳо ягон намуди дастгирии огоҳона ғайриқонунӣ мегардад.

Венесуэла: Як қадам то ҷанг
Блоки рекламавӣ


