” Новобаста аз боришот дар минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ — Суғду Хатлон, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тамоми роҳҳои мамлакат кушода буда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шоҳроҳҳо ва дигар роҳҳои мошингард мисли рӯзҳои қаблӣ таъмин мебошад” – гуфтанд аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Баландии барф дар минтақаи Сағирдашт ба 5-6 сантиметр мерасад. Инчунин дар ноҳияҳои Рашт, Файзобод, Варзоб ва дигар минтақаҳои кӯҳии мамлакат боридани барф ба қайд гирифта шудааст.
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ бориши барф идома дошта, баландии он дар баъзе минтақаҳо, аз ҷумла минтақаи наздик ба нақби Истиқлол то 15 сантиметр мерасад. Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ҳолати мазкур бетаъхир чораандешӣ намуда, роҳро аз барф тоза ва бо маводи зиддилағзиш коркард намуда истодаанд.
Дар иртибот ба ин Вазорати нақлиёт аз ронандагон хоҳиш менамояд, ки ҳангоми идораи воситаҳои нақлиёт қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд.

Вазорати нақлиёт: Барф зад, аммо роҳҳо кушодаанд
Блоки рекламавӣ


