Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 51 пизишк ҷойи кори худро тарк карда, ба муҳоҷират рафтаанд. Дар ин бора Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар нишасти матбуотӣ хабар додааст.
Абдуллозода гуфтааст дар ин давра дар умум 655 табиб ба кор қабул гардида, 508 табиб соҳаро тарк кардаанд. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Абдуллозода аз 51 нафаре, ки ба муҳоҷират рафтаанд, 31 нафари онҳо имрӯз ба Тоҷикистон баргашта, фаъолияти худро идома медиҳанд. Вазири тандурустӣ гуфтааст, сол аз сол бо мақсади муҳоҷират соҳаро тарк кардани табибон коҳиш меёбад ва дар муқоиса бо солҳои пешин, ки дар як сол то 500-600 табиб ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд, ин омор хеле коҳиш ёфтааст. Ба иттилои расмӣ, феълан дар соҳаи тибби Тоҷикистон ҳазору 600 мутахассис намерасад.