3 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Нисор Муҳаммадии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Ватанпарвар” – ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шаҳбоз Қодирзода барои 300 кӯдак сохта шудааст.
Дар кӯдакистони хусусии Ватанпарвар барои 12 гуруҳ, 50 парастор ба кор бо маоши хуб ҷалб шудааст ва раванди таҳсил дар он бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.
Иншоот аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳаташ зиёда аз 1000 метри мураббаъ мебошад.
Муассиса, ҳамчунин, дорои нуқтаи хизматрасонии тиббӣ ва ошхона бо 160 ҷойи нишаст аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь