Паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов дар 6-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025 дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ аз намуди гӯштини ҷудо медали нуқра ба даст овард.
Темур Раҳимов, ки дар даври аввал озод буд, дар даври чорякниҳоӣ бар намояндаи Қирғизистон Эмирхон Жолдошқозиев пирӯз шуда, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Темур дар нимфинал бар Муҳаммад Аборакия аз Миср дастболо шуда, ба финал баромад. Аммо Темур Раҳимов дар даври ниҳоӣ аз паҳлавони узбекистонӣ Музаффарбек Турабоев мағлуб гардида, соҳиби медали нуқра шуд.
Ин шашумин медали дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 6-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025 дар шаҳри Риёз мебошад, ки дутои он медали нуқра ва чаҳортояш биринҷӣ аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь