Варзишгарони ватани мо дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои III кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки 28-уми сентябр дар варзишгоҳи нави шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон баргузор шуд, иштирок карданд.
Маросими ифтитоҳ бо намоишнома идома ёфт. Ҳозирин ҳунарнамоии аспҳои Қаробоғро тамошо карданд. Кабӯтарҳои сафед, ки рамзи сулҳ буданд, низ ба осмон парвоз намуданд. Маросими ифтитоҳ бо намоиши ҳавопаймоҳои бесарнишин ва пиротехникии аҷиб анҷом ёфт.
Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо, ки 10 рӯз давом мекунад, 2400 нафар ҳайатҳои варзишии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамчунин Туркия, Покистон, Умон, Куба ва Кувайт ширкат меварзанд.
Дар маросими ифтитоҳи Бозиҳо Мадина Қурбонзода, барандаи медали тилои қаҳрамонии ҷудои Осиё байни духтарон, парчамбардори дастаи мунтахаби Тоҷикистон буд.
Ба ҳайати варзишии Тоҷикистон дар ин Бозиҳо 208 нафар, аз ҷумла 142 варзишгар дохиланд. Чунонки сомонаи расмии Бозиҳо хабар додааст, мусобиқот дар 12 иншооти варзишӣ дар ҳафт шаҳри Озарбойҷон баргузор мешавад.
Варзишгарон барои 246 маҷмӯи медалҳо дар 23 намуд рақобат мекунанд. Намояндагони Тоҷикистон дар 18 намуд: баскетбол, батут, бокс, волейбол, гуштии озод, гуштии юнону румӣ, камонварӣ, каратэ, қаиқронӣ, самбо, таеквондо WT, тирандозӣ, футбол, шамшербозӣ, шиноварӣ, ҷудо ва ғайра иштирок хоҳанд кард.
Маросими пӯшидашавии Бозиҳои III кишварҳои ИДМ рӯзи 8-уми октябр дар варзишгоҳи Ганҷа баргузор мешавад.

Варзишгарони тоҷик дар Ганҷа
Блоки рекламавӣ


