Варзишгарони тоҷик дар, бозиҳои III кишварҳои ИДМ, ки аз 28-уми сентябр то 8-уми октябр дар Озарбойҷон баргузор мешаванд, бо шумули 142 нафар иштирок мекунанд.
Тавре хабаргузории azerisport.com иттилоъ додааст, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон барои иштирок дар бозиҳои III кишварҳои ИДМ ризоӣ додаанд.
Бозиҳо дар 12 иншооти варзишӣ дар ҳафт шаҳри Озарбойҷон: Ганҷа, Евлах, Мингачевир, Габала, Шекӣ, Гойгол ва Ханкендӣ доир мешавад. Ганҷа шаҳри асосии мусобиқот хоҳад буд, ки дар он маросими расмии ифтитоҳ ва пӯшидашавии бозиҳо сурат мегирад.
Аз дастаи мизбон – мунтахаби Озарбойҷон 349 варзишгар, аз дастаҳои мунтахаби Русия 263, Қазоқистон 259, Ӯзбекистон 257, Беларус 255, Туркманистон 170, Тоҷикистон 142 ва Қирғизистон 85 ширкат менамоянд.

Варзишгарони тоҷик ба Ганҷа мераванд
Блоки рекламавӣ


