Иҷрокунандаи муваққатии вазифаи раиси контсерни давлатии “Туркманхимия” Тангригулӣ Атаев соли 2022 сабаби марги як як нафар шуд, аммо бо ришва дар ҳаҷми 10 ҳазор доллар аз ҷазо халос шуд. Дар ин бора сайти Turkmen news хабар медиҳад.
Ин фоҷиа тобистони соли 2022 дар Ашқобод рух дода буд. Атаев, ки дар он вақт мутахассиси калони идораи робитаҳои иқтисодии хориҷии “Туркманхимия” буд, рӯзона бо суръати баланд бо мошини худ мардеро дар гузаргоҳи пиёдагард ба ҳалокат расонид. Мард дар ҳамон ҷо вафот кард. Аз ҳалокшуда зану фарзандонаш боқӣ монданд. Ба ронанда то 7 соли маҳрум сохтан аз озодӣ ва сипас аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти муайян барои 3 сол таҳдид карда мешуд. Аммо, тавре ки гуфта мешавад, муфаттиш баъди ришваситонӣ ба маблағи 10 ҳазор доллар экспертизаи автотехникиро қалбакӣ кард, ки мувофиқи он пиёдагарди кушташуда, ки гуиё дар ҷои нодуруст аз роҳ мегузашт, гунаҳкор буд. Контсерни давлатии “Туркманхимия” яке аз манбаъҳои асосии даромади кишвар аст. Дар баробари ин, дар ВАО мунтазам маълумот дар бораи моҷароҳои коррупсионии ин консерн пайдо мешавад. Ҳамин тавр, дар соли 2021 тафтишоти turkmen.news ва шарикони онҳо нишон доданд, ки бенефитсиари асосии содироти карбамиди туркман бародари Президент Сардор Бердимуҳаммадов Ҳоҷимурат Реҷепов мебошад. Ширкатҳои вай “Ак Хазина” ва Caran Holdings расман дар савдои биржаи Давлатии мол ва ашёи хом иштирок карданд, аммо дар ниҳоят тамоми ҳаҷми карбамидро бо нархи ибтидоӣ хеле камтар аз нархи бозор гирифта, ба хориҷа бароварданд.
Асосӣ Хабари рӯз ВАО: Роҳбари “Туркманхимия” натиҷаҳои экспертизаро пас аз садамаи марговар қалбакӣ кард

ВАО: Роҳбари “Туркманхимия” натиҷаҳои экспертизаро пас аз садамаи марговар қалбакӣ кард
Блоки рекламавӣ


