Ҳиндустон дар бораи истифодаи нодурусти нармафзор бо ҳадафҳои ҷиноӣ нисбати Telegram тафтишот оғоз кардааст.
Тибқи иттилои RFI, моҳи июл танзимгари молиявии Ҳиндустон дар бораи таҳрики нархҳои саҳмияҳо тавассути Telegram ҳушдор дод. Моҳи июн, ба гуфтаи Вазорати маориф, имтиҳонҳои муҳим барои хидматчиёни давлатӣ ба далели ифшои маълумот дар Telegram бояд лағв карда шаванд.
Президенти Кореяи Ҷанубӣ Юн Сок Ёл низ пас аз он ки расонаҳои маҳаллӣ дар бораи паҳн шудани аксҳо ва наворҳои бардурӯғи занони Кореяи Ҷанубӣ дар чатҳои Telegram гузориш доданд, хостори таҳқиқи ҷиноятҳои ҷинсӣ дар ин шабакаи рақамӣ шуд.
Reuters менависад, Комиссияи стандартҳои коммуникатсия, ки танзимгари ВАО-и давлатӣ аст, тасмим гирифтааст, ки рӯзи 28 август ҷаласа баргузор кунад, то чораҳои мубориза бо чунин мундариҷа ва паҳнкунандагони онро баррасӣ кунад.
Ҳамзамон, гуруҳи Telegram изҳор дошт, ки мессенҷер ба қонунгузории Аврупо, аз ҷумла дар бораи хидматҳои рақамӣ мувофиқат мекунад ва муассиси он Павел Дуров барои суистифода аз хидмат ҷавобгар нест.