Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру бунёди 561 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 551 иншоот ё 98,2 фоиз сохта ба истифода дода шуданд. Дар ин бора Вализода Икромиддин раиси ноҳияи Ёвон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт дар ноҳия 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда 3,9 млн долларро дарбар мегирад.
“Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ёвон барои солҳои 2021 – 2025-ум 228 лоиҳаро ба маблағи 741 млн сомонӣ дарбар гирифта, ба ҳолати якуми январи соли 2026 бошад 143 лоиҳа ба маблағи 577,9 млн сомонӣ ба иҷро расидааст”,-илова кард раиси ноҳия.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь