Соҳибкори маъруфи тоҷик, метсенат, сиёсатмадор Саидвалӣ Ӯзбеков (“Вали-красавчик”) дар синни шасту панҷ чашм аз олам пӯшид.
Мавсуф бародари калонии шоири маъруф Сайидалӣ Саид буд.
Техникуми савдои шӯравии Душанбе (1979) ва филиали институти савдои Новосибирскро аз рӯи профили молшинос хатм кардааст. Дар системаи савдо дар замони шӯравӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият дошт. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1993 то 1998 муовини Раиси вилояти Хатлони Тоҷикистон таъин шуд. Дар солҳои 1995-2000 вакили Маҷлиси Олӣ (парлумони Тоҷикистон) интихоб гардид. Ҷамъияти саҳҳомии “Сойшира”-ро дар солҳои душвори наввадум, вақте ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт, таъсис дод. Ҷойҳои корӣ таъсис дод, ба кормандони корхонаҳо, омӯзгорон маош пардохт мекард. Шахси босавод буд ва аз ҷиҳати моддӣ эҷодкор-шоирон, нависандагон, рӯзноманигоронро дастгирӣ мекард. Ҳамчунин ба рӯзномаи ноҳияи Ҳисор кӯмаки моддӣ мерасонид.
Шахсияти ӯ дар Тоҷикистон дар солҳои 90 назаррас буд ва худи ӯ дар миқёси кишвар шахси бонуфуз буд. Дар назари шарикони хориҷӣ дар корҳои тиҷоратӣ эътибор ва эътимод дошт. Ширкати ӯ дар АМА, Исроил, Таиланд, Эрон, Русия ва дигар кишварҳо бо бренди “AVM” ва “Soyshira” муносибат дошт. Дар солҳои ахир муддати тӯлонӣ дар Эрон низ буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь