“Вакили маҷлиси (палатаи поёнии парлумон) Қазоқистон Ермурат Бапи пешниҳод кард онҳое, ки анъанаҳои маҳаллиро рад мекунанд, аз кишвар хориҷ шаванд” – хабар медиҳад Tengrinews.kz. Сабаби чунин изҳорот видеои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншуда буд. Дар он видиё гуфта мешуд, ки Наврӯзро дар Қазоқистон бо сабабҳои динӣ ҷашн гирифтан мумкин нест.
“Агар анъанаҳои чандинасраи миллии мо барои шумо қобили қабул набошанд, пас шояд Қазоқистон ватани шумо набошад?! Шояд замини муқаддаси қазоқ, ки ин арзишҳоро нигоҳ доштааст, сарзамини падари шумо нест?! Пас чаро шумо ба кишваре намеравед, ки он чизеро, ки шумо мамнӯъ мешуморед, надорад?” – нашри гуфтаҳои вакилро расона. Вай қайд кард, ки тарафдорони чунин андеша ҷашнгирии ҳама гуна идҳоро, аз ҷумла идҳои давлатиро, ба истиснои Ораза-айт ва Қурбон-айтро манъ мекунанд. Барои чунин суханон баъзеи онҳо аллакай ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда будаанд. Аммо маълум мешавад, ки ҷазои маъмурӣ кам будааст.

Вакили қазоқ: Мунаққидони Наврӯз аз кишвар раванд
Блоки рекламавӣ


