Вакили Думаи Давлатии Русия Михаил Тарасенко дар рӯзи маргаш, вақте ки раиси палатаи поёнии парлумон Вячеслав Володин дар бораи марги ӯ эълон кард, 11 маротиба “овоз” дод. Аз маълумоти системаи таҳлили натиҷаҳои овоздиҳӣ дар маҷлисҳо бармеояд, ки даҳ маротиба Тарасенко “тарафдор” ва як маротиба “зид овоз додааст. Пас аз баррасии банди даҳуми рӯзномаи маҷлиси Думаи Давлатии Русия Володин эълон кард, ки Тарасенко дар синни 77 пас аз бемории тӯлонӣ вафот кардааст.
Он рӯз вакилони Думаи Давлатӣ барои қонун дар бораи ҷаримаҳо барои ҷустуҷӯи экстремизм дар интернет, ислоҳот дар бораи ҳуқуқи занони иштирокчии амалиёти ҳарбӣ ба имтиёзҳо, қонун дар бораи ҷарима барои додани рақами муштариён ба шахси дигар, қонун дар бораи хусусиятҳои сохтмони қитъаҳои боғ ва инчунин барои манъи хариди чиптаҳои электронӣ ба қатора тавассути агрегаторҳое, ки бо интиқолдиҳанда шартнома надоранд, овоз доданд.
Асрор баъдтар маълум шуд: Маълум шуд, ки Тарасенко ҳангоми беморӣ овозашро ба вакили дигар бовар карда будааст.
Тарасенко аъзои фраксияи “Русияи воҳид” буд.
“Фараҳ”