Дар нахустин вокуниш аз тарафи Думаи давлатии Русия ба қатли навраси тоҷик Қобилҷон Алиев дар мактаб, яке аз вакилони мардуми чечентабор, қатлро натиҷаи “таъсири идеологияи заҳрогини бегонаситезӣ” дар Руссия хондааст.
Одам Делимхонов, вакили Думаи давлатӣ аз Ҷумҳурии Чеченистон, ки чеҳраи баҳсбарангезе ба ҳисоб меравад, рӯзи 20-уми декабр дар як паёме дар саҳифаи худ дар Телеграм, навраси 15-солаи русро, ки Қобилҷон Алиевро дар дохили мактаб ва дар рӯзи рӯшан корд зад, “фашисти ҳақиқӣ” номидааст, ки “ба Қобилҷон Алиеви 10-сола дарафтода, ӯро золимона кушт.”
Дар баёнияи Одам Делимхонов, ки узви Ҳизби Русияи Воҳид аст, омадааст: “Касе, ки ин ҷинояти ҳавлнокро кард, зери идеологияи заҳрогини миллатпарастӣ амал кардааст. Дар тӯли чанд соли гузашта гурӯҳҳои гуногуни миллатгаро, бо нафратпарокании ошкоро ба миллатҳои дигар ҷомеаро (Русия) заҳролуд мекунад. Ин торикандешон байни мардум нафрат бармеангезанд ва фарзандони моро ба ҳадафе барои пайравони палиди худ табдил медиҳанд.”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь