Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду бинои сеошиёнаи хобгоҳи Литсеи давлатии касбӣ – техникии ноҳияи Вахш, ки 34 сол боз таъмирталаб буданд, дар доираи ҷашни 35-содагии Истиқлояти давалтии кишвар аз таъмири асосӣ бароварда шуданд.
Муовини директори Литсеи давлатии касбӣ – техникии ноҳияи Вахш Неъматулло Раҳмонов, ба “Фараҳ” гуфт, ки ду бинои хобгоҳи литсей , ки аз се ошиёна иборат мебошанд, 34 сол боз таъмирталаб буданд.
-“Дар ин хобгоҳҳо сокинон ғайриқонунӣ зиндаги мекарданд”,- илова кард ӯ ва афзуд, ки хушбахтона дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бо дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ду бинои хобгоҳ пурра таъмир гардида истодааст. Баъди таъмир барои 720 нафар таълимгирандагону омӯзгорони ҷавон, ки ба ин литсей ба кор меоянд, шароити хуби буду бош фароҳам оварда мешавад.
Ӯ гуфт, ки Литсеи давлатии касбӣ – техникии ноҳияи Вахш то инҷониб оби нушокӣ надошт. Дар назар аст, ки баъди ба итмом расидани таъмири хобгоҳҳо, хатти хати оби нӯшокӣ кашида мешавад.

Вахш: Баъди 34 сол хобгоҳи литсеи Вахш таъмир шуд
Блоки рекламавӣ


