Дар 7 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Вахш, барои вайрон кардани ҳифзи муҳити зист нисбати 77 нафар протоколи маъмурӣ ба маблағи 33 ҳазор сомонӣ тартиб дода шудааст. Дар ин бтора мудири бахши мазкур Халилзода Шамсиддин иттилоъ дод.

Қайд карда шуд, дар 22 ҳолат ҳисоби зарар барои вайрон намудани қонунгузориҳои ҳифзи муҳити зист ба маблағи 10 ҳазору 500 сомонӣ муайян карда шуда, аз ин 7 ҳазору 500 сомониаш руёнида шудааст. Ӯ афзуд, ки шумораи қонуншиканиҳои маъмури нисбати ҳамин давраи соли гузашта 22 адад зиёд гардида, зарар ба муҳити зист бошад 3 ҳолат ба маблағи 1800 сомониро ташкил медиҳад. Иттилоъ дода шуд, ки бештари қонуншиканиҳо дар самти муомилот бо партов, ҳифзи олами наботот ва захираҳои моҳӣ мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь