Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи марди 52-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 16-уми феврали соли 2026 бародараш марди 41-солаи сокини ҳамонҷоро дар ҳудуди деҳаашон мардони 39 ва 30-солаи сокинони шаҳри Ваҳдат лату куб намуда, зарари вазнини ҷисмонӣ расонидаанд.
Дар натиҷа ҷабрдида бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ 17-уми феврали соли 2026, дар хонаи истиқоматиашон вафот кардааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Блоки рекламавӣ



