Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз ҳалокати ду нафаре хабар додааст, ки ҳангоми кандани чоҳ дар ноҳияи Ваҳдат ҷон додаанд.
Дафтари матбуоти Кумита бо нашри як баёния гуфт, ҳарду нафар рӯзи 3-юми август “ба фалокат дучор омада, ҷони худро аз даст додаанд.”
Ҳангоми кандани чоҳ дар як хонае дар маҳаллаи чаҳордаҳуми шаҳри Ваҳдат хоки зиёде ба сари ду нафар фурӯ рехтааст. Яке аз қурбониён 30 ва дигарӣ 46-сола будааст.
Кормандони КҲФ ҳамроҳи маъмурони милиса ва кумаки мардум ҷасадҳоро соати 11-и шаб берун оварда, ба мақомот супоридаанд.
Блоки рекламавӣ