Ҳимоятгари клуби эронии “Сипоҳон” Ваҳдат Ҳанонов дар бораи анҷоми фаъолияташ дар мунтахаби Тоҷикистон эълон намуд.
Футболбози 25-сола дар бораи қарори худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пас аз он ки дар ҳайати даста барои бозии ҳалкунандаи мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бар зидди мунтахаби Филиппин дохил карда нашуд, хабар дод.
Қаблан ситоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон бо сарварии Горан Стеванович ҳайати худро барои бозии оянда, ки 31 март дар варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешавад, эълон карда буд. Ҳанонов ба ҳайати ниҳоии даста дохил нашуд. Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ин қарорро бо набудани таҷрибаи бозӣ дар ҳимоятгар дар “Сипоҳон” – и Эрон, ки дар он вақтҳои охир ӯ кам ба майдон мебаромад, вобаста донистанд.
Пас аз ин футболбоз муроҷиатномае нашр кард, ки дар он ӯ дар бораи анҷоми фаъолияти футболбозии худ дар даста хабар дод.

Ваҳдат Ҳанонов фаъолияташро дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷамъбаст кард
Блоки рекламавӣ


