Таҳлили садамаҳои нақлиётӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки мутаассифона дар бештари маврид дар натиҷаи аз макони номуайяншуда убур намудани роҳ аз ҷониби пиёдагардон ва яку якбора ба қисмати нақлиётгарди роҳ баромадани шаҳрвандон, садамаҳои нақлиётии марговар рух додаанд. Танҳо давоми 3-моҳи аввали соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе 44 садамаҳои нақлиётӣ рух додаанд, ки 27 ҳолати онро зеркунии пиёдагардон ташкил медиҳанд.
Аз ҷумла, санаи 6-уми апрели соли ҷорӣ, Алиев Давлатҷон-ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “GMC”, рақамҳои қайди давлатиаш 2828DO01, ҳангоми идораи восиати нақлиёт тавассути кӯчаи Зафар, бехатариро таъмин карда натавониста, ноболиғ Азимов Х., сокини 11-солаи шаҳри Душанберо, ки роҳи мошингардро аз макони номуайяншуда убур мекард, пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба сӯи беморхона ба ҳалокат расид.
Ҳодисаи мазкур мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Бо назардошти ҳолатҳои мазкур аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки зимни ҳаракат дар роҳ талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намуда, ҷони худро дар хатар нагузоранд. Ҳамзамон падарону модаронро мебояд фарзандони худро талаботи аломатҳои танзимкунандаи ҳаракатро омӯзонанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь