Аз сокинон хостаанд, ки аз таксиҳои маъруф “ба 10 сомонӣ” истифода набаранд ва рӯ ба таксиҳои расмӣ, – “Jura биёранд.
“Душанбенақлиётхадамотрасон”, Корхонаи тобеи ҳукумати Душанбе рӯзи якуми апрел дар муроҷиате аз сокинони пойтахт хоҳиш кардааст, ки ҳангоми зарурат танҳо аз таксиҳои “рақами давлатии тагрангашон сабз ва рақами қайди иловагии тагрангаш зард”, истифода баранд.
Ронандагони ин навъи нақлиёт пайваста аз муоинаи техникӣ гузашта, аз лиҳози бехатарӣ ба талабот ҷавобгӯ аст. Дар ин навъи таксиҳо ба таъкиди мақомот, камераҳои мушоҳидавӣ насб шуда, раванди хидматрасонӣ назорат мешавад.
Таксиҳои “10-сомонӣ”, ки шумораашон дар шаҳр нисбат ба солҳои пеш кам шудааст, дар Душанбе новобаста ба масофаи ҳаракат аз мусофирон 10 сомонӣ роҳкиро мегиранд ва аксари сокинон, дар роҳҳои сермошини пойтахт барои равуо ба гӯшаҳои дуртари шаҳр аз ин навъи таксиҳо истифода мебаранд.
Шикоят аз кори ин мусофиркашҳо ҳам дар шаҳр кам нест. Пулиси Душанбе аз муҷозоти ҳафт ронандаи таксӣ хабар додааст, ки ба итилои ин ниҳод, ғайриқонунӣ ба мусофиркашӣ машғул будаанд.

Ҳушдор: Аз таксиҳои “Jura” истифода кунед!
Блоки рекламавӣ


