Омӯзгори фанни биологияи Литсейи Умари Хайёми ноҳияи Сино Ҳусейн Ализода дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2025» сазовори ҷойи якум шуд. Дар ин бора аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе гуфтаанд.
Дар озмун омӯзгори фанни математикаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ Муродалӣ Сайёдзода сазовори ҷойи дуюм, омӯзгори фанни забони русии Гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсӣ Гулчеҳра Ғиёсова сазовори ҷойи сеюм ва омӯзгори синфҳои ибтидоии Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Шоҳмансур Зарина Азизова ҷойи чорум гирифтаанд.
Блоки рекламавӣ



