Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сиюҳафтуми Шурои байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои комплекси агросаноатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд, ки иштирокдорони он ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти озуқаворӣ, таҳкими худтаъминкунии минтақавӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз омилҳои берунӣ ва дигар масъалаҳои соҳаро муҳокима карданд. Вазири кишоварзии Тоҷикистон Раиси Шурои байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои комплекси агросаноатии ИДМ барои солҳои 2025-2026 интихоб шуд.
Ба Шуро намояндаи ҳар давлати аъзои Созишнома дар асоси навбат ба муддати як сол раис интихоб мешаванд. Шурои байниҳукуматӣ оид ба комплекси агросаноатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тибқи Созишнома дар бораи муносибатҳои байнидавлатӣ оид ба масъалаҳои комплекси агросаноатӣ аз 29 марти соли 1993 таъсис гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь