Қурбон Ҳакимзода Сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз мансаб барканор шуда, ба курсии вай Ватанзода Салоҳиддин нишаст.
Бо пешниҳоди Давлаталӣ Саид – раиси вилояти Хатлон Ватанзода Салоҳиддин ба вазифаи сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Комилзода Ҷалолиддин ба вазифаи роҳбари Филиали ҶСК Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Бохтар таъин гардиданд.
Имрӯз раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид мутахассисони навтаъинро ба ҳузур пазируфта, оид ба баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои мубрами соҳа дар минтақаи Бохтар ба онҳо супоришҳои мушаххас дод. Зимни суҳбат таъкид гардид, ки фаъолияти соҳаҳои мазкур бояд дар асоси шаффофият, риояи қатъии қонунгузорӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ ба роҳ монда шавад.
Раиси вилоят ба кадрҳои навтаъин барори кор орзу намуда, ҷиҳати бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ дастуру ҳидоятҳои зарурӣ дод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь