Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ соли 2025 ба андозаи 15,4 фоиз устувор гардид. Дар ин хусус Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода имрӯз ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ додааст.
Гуфта шуд, ки соли 2025 Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати қурбиро дар реҷаи «шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб» идома дод.
Таъкид гардид, ки бо назардошти вазъи иқтисоди ҷаҳон қурби расмии асъори миллии аксари кишварҳои шарики асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба доллари амрикоӣ тағйир ёфтааст. Аз ҷумла, қурби рубли Федератсияи Русия 23,07 фоиз, рубли Беларус- 16,43 фоиз, суми Узбекистон- 6,93 фоиз, тангаи Қазоқистон- 4,01 фоиз ва юани Чин 2,22 фоиз устувор гардида, лираи Туркия 21,49 фоиз ва соми Қирғизистон 0,48 фоиз нисбат ба доллари амрикоӣ коҳиш ёфтааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь